Бонки Осиёии Рушд: Ба Тоҷикистон қарз надиҳед, кумак кунед

Бонки Осиёии Рушд: Ба Тоҷикистон қарз надиҳед, кумак кунед

Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе гуфт, аз ин ба баъд ба Тоҷикистон танҳо кумакҳои билоиваз пешниҳод шавад, на қарз. Прадип Шриватсава рӯзи 28-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Бонки Осиёии Рушд низ имсол ба Тоҷикистон ба маблағи 160 миллион доллар кумаки молии бебозгашт хоҳад кард.

Аз ҷумла, 90 миллион доллар барои сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар ва ҳудуди 45 миллион доллар барои беҳбуди обрасонӣ дар шаҳри Душанбе медиҳад. “Маблағи боқимонда барои беҳбуди вазъи тандурустӣ ва муҳити зист равона хоҳад шуд”, - афзуд ӯ.

Прадип Шриватсава дақиқан нагуфт, ки чаро ба Тоҷикистон на қарз, балки бештар кумакҳои бебозгашт ироа шавад. Аммо бархе аз коршиносон ба марзи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ишора мекунанд, ки ба тақрибан 2,9 миллиард доллар расидааст.

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии хабаргузории “Азия-Плюс”, рӯзи 28-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими Бонки Осиёии Рушд барои пешниҳоди танҳо кумакҳои билоиваз аз сӯе ба фоидаи иқтисоди Тоҷикистон аст, аз тарафи дигар маъноҳои дигар ҳам дорад. “Баёнгари ин воқеият аст, ки сохторҳои молии байналмилалӣ дигар эътимод надоранд, Тоҷикистон метавонад қарзҳоро бозпас бидиҳад. Яъне, вазъи иқтисодии Тоҷикистон нигаронкунанда шудааст”, - афзуд ӯ.

Мулоқоти Прадип Шриватсава бо хабарнигорон ба хотири 20-умин солгарди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди молии байналмилалӣ ва 15-умин солгарди ифтитоҳи дафтари намояндагии БОР дар шаҳри Душанбе бахшида шуд. Шриватсава гуфт, дар ин муддат Тоҷикистон аз ин ниҳод ҳудуди 1,5 миллиард доллар қарз ва кумаки молии бебозгашт дарёфт кардааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Созиши ду кишвари Осиёи Марказӣ барои додугирифти обу барқ

Сомонаи расмии сарвазири Қазоқистон хабар дод, ки мақомоти ин кишвар ва Қирғизистон дар мавриди табодули об ва барқ ба созиш расидаанд.

Ба огаҳии манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои оби Қазоқистон, ки таҳти раҳбарии раиси ҳукумати он кишвар Алихон Смаилов баргузор шуд, масъалаҳои марбут ба табодули барқ бо Қирғизистон ва таъмини манотиқи ҷанубии Қазоқистон бо об баррасӣ гаштааст.

Дар ҷаласа ҷониби Қазоқистон ва Қирғизистон қарордодеро дар мавриди табодули обу барқ бар асоси "шартҳои барои ду ҷониб манфиатовар" имзо кардаанд. Манбаъ ҷузъиёти шартҳоро шарҳ надодааст.

Сарвазири вақти Қазоқистон Аскар Мамин моҳи декабри соли 2021 ба раиси девони вазирони Қирғизистон барои ҷудо кардани оби иловагӣ дар тобистони соли гузашта барои кишвараш миннатдорӣ баён карда буд.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Додситонии Қазоқистон шумори қурбониёнро эълон кард

Додситони кулли Қазоқистон Берик Асилов 14-уми март дар ҷаласаи порлумон гуфт, дар ҳодисаҳои аввали моҳи январи он кишвар 230 кас, аз ҷумла 19 қудратӣ кушта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, шумори бештари қурбониён (139) дар шаҳри Алматои Қазоқистон сабт шудааст. Дар ҳафт минтақаи дигари Қазоқистон "63 ҳамлагар ҳангоми муҳофизати биноҳои маъмурӣ" кушта шуданд.

"Имрӯз мо танҳо дар бораи ҳалокати 20 нафаре хабар дорем, ки тасодуфан ҳадафи оташкушоӣ қарор гирифтаанд. 11 ҳолат дар шаҳри Алмато, 8 ҳолат дар вилояти Алмато 8 ва 1 ҳолат дар Тараз сабт гаштааст. Дар миёни онҳо ҳастанд, нафароне, ки низомиёнро итоат накардаанд ва ё аз сӯи харобкорон кушта шудаанд," -- афзуд ӯ.

Додситонии кулли Қазоқистон бори нахуст аст, ки шумори умумии қурбониёни ҳаводиси январро эълом мекунад. Вале мақомоти қазоқ рӯйхати кушташудаҳоро нашр намекунанд. Асилов гуфтааст, рӯйхатро барои он нашр намекунанд, ки тафтишот ҳанӯз ҳам идома дорад.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

"Cotton Campaign" гуфт, таҳрими пахтаи Узбекистон қатъ шуд

Эътилофи байнулмилалии ширкатҳои пахтаи Cotton Campaign, ки зидди истифодаи нерӯи кӯдакон ва меҳнати иҷборӣ дар истеҳсоли пахтаи Узбекистон мубориза мебарад, аз қатъи таҳрими пахтаи ин кишвар хабар дод.

Бино ба иттилои сомонаи эътилоф, тасмими мазкур бо назардошти хулосаҳои асосӣ дар ҳисоботи "Анҷумани ҳуқуқи инсони Узбекистон" гирифта шудааст. Дар изҳороти анҷуман омадааст, ки "истифодаи пайвастаи меҳнати иҷборӣ дар ҷамъоварии пахтаи Узбекистон дар мавсими соли 2021 мушоҳида нашуд".

Пештар хабар дода шуд, ки Оҷонси пешбурди содироти назди Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Узбекистон барои бекор кардани таҳримҳои "Cotton Campaign" ширкати таблиғотиеро киро кардааст. ​Ҷониби Узбекистон розӣ шуда буд, ба ширкати амрикоӣ 585 ҳазор доллар диҳад.

​Эътилофи байналхалқии ширкатҳои пахтаи Cotton Campaign соли 2010 бо ҳадафи таҳрими Узбекистон таъсис шуда буд. Эътилоф гуфт, дар Узбекистон кӯдакону калонсолон ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мешаванд.

Тамғаҳои маъруфи тиҷоратие ба монанди Nike, Zara, GAP, Levi's, H&M, UNIQLO ва ғайраҳо ба ин маърака ҳамроҳ шуда буданд.​

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Интихоби президенти Туркманистон: 97 дарсад рой додаанд

Дар Туркманистон, ки рӯзи 12-уми март интихоботи президентии пеш аз муҳлат баргузор шуд, 97 дарсади сокинони қобили рой овоз додаанд. Дар ин бора Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии он кишвар иттилоъ дод.

Комиссия ҳамзамон хабар дод, ки дар он кишвар бештар аз 3 миллиону 435 ҳазор интихобкунанда сабти ном шуда буд.

Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки интихоботи президентӣ дар он кишвар ба хотири интиқоли қудрат аз Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба писараш Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола ташкил шуд.

Ба ҷуз аз Сардор дар интихоботи ахири президентӣ 8 номзади дигар ширкат мекард. Аммо дар маъракаи интихоботӣ миёни номзадҳо ҳеч баҳсе сурат нагирифт.

Расонаҳо аз қонуншиканиҳои зиёде дар ҷараёни раъйдиҳӣ хабар медиҳанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2006 Туркманистонро идора мекунад. Ҳамакнун бо ба сари қудрат овардани писараш аз президентӣ канор меравад.

  • Навтаринҳо
  • Пешина
Шарҳҳоро бинед

Паҳлавони тоҷик дар "Tunis African Open 2022" ҳафтум шуд

Дар мусобиқаи бози ҷудо "Tunis African Open 2022", ки рӯзҳои 12-13-уми март дар Тунис баргузор шуд, Тоҷикистонро се варзишгар – Муҳаммадраҳим Сарахонови 23-сола, Алиҷон Сафаралиеви 22-сола (ҳарду дар вазни -73 кг) ва Хушвахт Идиеви 21-сола (-81 кг) - намояндагӣ карданд. Аз байни онҳо Сарахонов натиҷаи хубтар ба даст овард. Ӯ ҷойи ҳафтумро гирифт.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 161 варзишгар (104 мард ва 57 зан) аз 18 кишвари панҷ қора ширкат дошт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Тунис бо касби 5 медали тилло, 2 нуқра ва 7 нишони биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Фаронса бо касби 3 медали тилло, 2 нуқра ва 1 нишони биринҷӣ ҷойи дуюмро гирифт. Мунтахаби Алҷазоир бо касби 2 медали тилло, 6 нуқра ва 7 нишони биринҷӣ ҷойи сеюмро азони худ кард.

Мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи ҳафтум дар байни 18 кишвар ҳамроҳ бо Кувайт ҷойи 14-умро соҳиб шуд.

Зимнан, ин чорумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола барои варзишгарони тоҷик ба шумор мерафт. Қаблан дар «Grand Prix Portugal 2022» ва «Paris Grand Slam 2022» ягона варзишгари тоҷик - Комроншоҳи Устопириён – ширкат карда, дар шаҳри Алмадаи Португалия дар вазни то 90 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Баъдан Темур Раҳимов дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam 2022”, ки моҳи феврал дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Поёни Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Пекин. Чин аввал шуд, Украина дувум

Дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ, ки аз 4-ум то 13-уми март дар Пекин доир гардид, мунтахаби Чин бо касби 61 медал (18 тилло, 20 нуқра ва 23 биринҷӣ) дар ҳисоби медалҳо бо назардошти ҳам сифат ва ҳам теъдоди онҳо ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Украина бо касби 29 медал (11 тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Канада бо касби 25 медал (8 тилло, 6 нуқра ва 11 биринҷӣ) мақоми сеюмро азони худ карданд.

Дар байни даҳгонаи аввал, инчунин Фаронса (7 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (6 тилло, 11 нуқра ва 3 биринҷӣ), Австрия (5 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ), Олмон (4 тилло, 8 нуқра ва 7 биринҷӣ), Норвегия (4 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ), Ҷопон (4 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва Словакия (3 тилло ва 3 биринҷӣ) қарор гирифтанд.

Ба ғайр аз Украина, аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Қазоқистон бо як медали биринҷӣ ҷойи 17-умро касб кард.

Ҳамин тариқ, дар нӯҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо варзишгарони 19 кишвар соҳибони медалҳо шуданд, аз он ҷумла намояндагони 15 кишвар медалҳои тилло ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ (IPC) ба далели фишори намояндагони кишварҳои дигари ширкаткунандаи мусобиқот дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина дархости варзишгарони Русия ва Беларусро барои ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2022 дар Пекин рад кард.

Дар Бозиҳои XIII зимистонаи паралимпӣ дар Пекин, ки рӯзи 13-уми март ба поён расид, 564 варзишгари маълул аз 46 кишвар барои 78 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.Ба барномаи бозиҳо шаш намуди варзиш дохил буд: лижаронии кӯҳӣ, биатлон, пойгаи лижаронӣ, ҳоккей дар чана, сноуборд ва кёрлинг дар аробачаи маъюбӣ.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎